Ғалабаи Хуҷанд бар Хайр
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ дастаи «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 3-0 шикаст дод. Голҳоро Бахтиёр Чориев дар нимаи аввали бозӣ, Иброҳим Рабимов ва Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дувуми бозӣ заданд. Баъди ин ғалаба дастаи Хуҷанд дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум баромад.Хотиррасон менамоем, ки дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Тӯбро Шероз Абдуллоев, бозингари дастаи Парвоз ба дарвозаи дастааш задааст. Дарвоқеъ, дастаи Парвоз ягона дастаест, ки ҳамаи 7 бозии имсоларо бохтааст ва то ҳоло ягон гол назадааст. Дастаи истаравшаниҳо баъди ин пирӯзӣ дар ҷадвал як зина боло шуд, ҷойи 6-умро касб намуданд.Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои Вахш-и Қӯрғонтеппа Барқи тоҷик-и Душанбе бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт. Мавқеи ҳарду даста дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт.Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври ҳафтум байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бинобар омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC бо тими Ал-Ваҳда-и Сурия (26 май дар Душанбе), аз 24 май ба рӯзи ҷумъаи 29 май гузаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






