Ғалабаи навбатии «Истиқлол» дар Истаравшан
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ»Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар бозии ҷамъбастии даври шашум, ки рӯзи душанбеи 18-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд, чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бар “Далерон- Ӯротеппа” и Истаравшан бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб шуд. Голи ягонаи меҳмононро дар дақиқаи 4 вохӯрӣ Хосе Баллестер ба ҳадаф расонд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ғалабаи шашуми пайдарҳами чемпиони секаратаи Тоҷикистон дар чемпионати имсола мебошад. Шогирдони Мубин Эргашев аз 6 бозӣ 18 имтиёзи имкониятдоштаро соҳиб шуда, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. “Истиқлол” нисбат ба витсе-чемпиони мамлакат “Хайр”-и Ваҳдат, ки зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, панҷ имтиёз зиёд дорад. Гузашта аз ин, футболбозони дастаи пойтахт ба дарвозаи ҳарифон дар 6 бозӣ, аз ҳама бештар 27 гол зада, аз дарвозаи худ аз ҳама кам, ҳамагӣ ду тӯб гузарониданд.
Бозии навбатии худро чемпиони мо дар доираи бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 рӯзи 26- уми май бо “Ал- Ваҳда”-и Сурия мегузаронад. Ин вохӯрӣ соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар доираи бозиҳои чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” рӯзи 29- уми май дар майдони худ “Регар- ТадАз”- и Турсунзодаро қабул мекунад. Ин вохӯрӣ бо сабаби иштироки “Истиқлол” дар Ҷоми КФО аз 24- ум ба 29 — уми май гузаронида шуд.
Ҳаминро зикр мекунем, ки дастаи шаҳри Турсунзода низ дар айни ҳол дар бозиҳои чемпионати имсолаи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ ба мағлубият дучор нашудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






