Ғалабаи «Саройкамар» бар «Исфара» дар Лигаи аввал
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)- Дастаҳои пешсаф — «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ ва «Исфара»-и шаҳри Исфара — дар даври севуми сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғалаба карданд. Дастаи панҷиҳо бар дастаи меҳмон Эсхата-и Хуҷанд — бо ҳисоби 3-0 ва дастаи исфарагиҳо дар майдони худ бар дастаи Ҳосилот-и Фархор бо ҳисоби 1-0 ғолиб омаданд. Ёдовар мешавем, ки дастаи Помир-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дастаи Локомотив-и Душанберо бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Дар ду бозии дигар дастаи Чашма-и Шаҳритус дар майдони худ бар дастаи Зарафшон-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 ва дастаи Панҷшер-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бар дастаи меҳмон Канд-и Конибодом — бо ҳисоби 3-0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Танҳо як бозӣ байни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.Хотиррасон менамоем, ки баъди се давр дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Саройкамар» ва «Исфара» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои «Кӯктош» ва «Панҷшер» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳи дувуму севум қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






