Ғолибияти ДДХ, ДИС ва ДДҲБСТ дар озмуни «Энактус»
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ»Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Энактус», ки дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштироки фаъол намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5 лоиҳаи хешро фарогири мавзӯъҳои фароҳам овардани ҷойи корӣ барои одамони имконияташон маҳдуд, ҷамъоварӣ ва истифодаи дубораи лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада, истифодаи самараноки замин ва маҳсулоти хом буданд. Дар озмун ҷойи дуввумро ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро ДДҲБСТ сазовор гардиданд.
Гуфта мешавад, ки моҳи октябри соли 2015 донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати 41 нафар Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ байни 36 давлати ҷаҳон, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад, бо лоиҳаи такмилёфтаи хеш муаррифӣ хоҳанд намуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин дуюмин ғолибияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Энактус» буда, он бори аввал соли 2007 мақоми аввалро соҳиб шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






