Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 21 — сола шуданд
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 28 май ба ифтихори 21 — солагии рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» — и шаҳри Душанбе маросими ботантана баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ генерал — лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳамчунин намояндагони хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва даъватшавандагони хидмати сарҳадии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳозиронро бо 21 — умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон муборакбод намуда, сипас қариб 150 нафар сарҳадбонони нав қасам ёд карданд.
Дар бахши ботантанаи чорабинӣ натиҷаи бозиҳои варзишӣ, ки аз 22 то 27 май байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ба манзури таҳкими ҳамкории муштарак доир шуданд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибони мусобиқот диплому инъомҳои қиматбаҳо тақдим шуданд.
Чорабинӣ бо маросими гузашти сарҳадбонон ва консерти ходимони санъати Тоҷикистон анҷом ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






