Қадрдонии қаҳрамониҳои фарзандони содиқи ватан
Душанбе, 7. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат,ки дар солҳои ин ҷанг ғалабаро таъмин намуданд, мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Ҷамъомадро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 70-умин солгарди Иди бузурги Ғалаба табрик намуд.
Баъди табрикоти самимӣ, масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботури Олуфта ба тамоми собиқадорони ҷангу меҳнат кумакпулии Сарвари Давлат- 1500 сомониро супорид.
Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода аз номи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазор сомонӣ ва ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ 800 сомонӣ супорид. Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба қаҳрамониҳои ин фарзандони содиқи ватан ҳарф зада, изҳор намуд, ки корнамоии ҳар кадоми ин шахсон ҳам дар муҳорибаи ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи барҷастаи ватандорӣ аст.
Кумакпулии яквақтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 500 сомонӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ 200 сомониро Раҷаббой Аҳмадзода супорида, барои онҳо сиҳатмандии бардавом ва давлати пирии нек орзу намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






