Қадршиносии донишманди тоҷик дар Теҳрон

Май 12, 2015 09:25

 
Душанбе, 12.05.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-    Конуни адабиёти Эрон /Иттиҳодияи нависандагон/ дар Теҳрон маросими бузургдошти  донишманди тоҷики муқими Қазоқистон Сафар Абдуллоҳро баргузор намуд. Маросими мазкур таҳти унвони  «Ватани форсӣ» доир шуда, дар он шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабӣ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон доир ба фаъолиятҳои Сафар Абдуллоҳ сухан карданд. Дар маросим доктор Асғари Додбеҳ — устоди саршиноси забону адаби форсӣ, доктор Ҳаддоди Одил — раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, доктор Мирзо Муллоаҳмад, доктор Нуралӣ Нурзод, Ҳасани Қарибӣ — мудири робитаҳои байналмилалии Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Ҳодии Киёсарӣ — раиси Конуни адабиёт, Муҳаммадалии Раҷоӣ, Муҳаммади Раҳимӣ (аз шоирони Афғонистон) нақши ин донишманди маъруфи тоҷикро дар ташаккули забони форсӣ муҳим арзёбӣ намуда, С. Абдуллоҳро сафири фарҳангии адабиёти форсӣ дар Дашти Қипчоқ ва кишварҳои пасошуравӣ хонданд. Зикр шуд, ки Сафар Абдуллоҳ муаллифи беш аз 1000 мақолаи илмию пажуҳишӣ ва 50 китоб буда, маҷаллаи «Эроннома» — ро тани танҳо таҳия, таълифу тадвин ва тарҷума мекунад, ки то кунун 30 шумора мунташир шуда ва бузургтарин муаррифи адабиёти форсӣ дар миёни русзабонон мебошад. 
   Таъкид шуд, ки Сафар Абдуллоҳ чеҳраи шинохта буда, дар илм, пажуҳиш, тарҷума, шеър, рӯзноманигорӣ ва тадрис ҳам фаъолият мекунад ва парчами фарҳанги форсиро ҳарҷо бошад боло мебарад. Ҳаддоди Одил дар нишаст таъкид намуд Сафар Абдуллоҳ девори маҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст.
 
 
 

Май 12, 2015 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд