Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 майи соли 2015 №294
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Нуралиев Ҷ.К.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 майи соли 2015 №295
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Раиси Раёсати Бонки
давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Амонатбонк» озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 майи соли 2015 №307
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси
Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Амонатбонк» озод намудани
Ҳакимзода Р.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳакимзода Руҳулло Абдуғани бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 майи соли 2015 №308
ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Раёсати Бонки давлатии
амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Амонатбонк» таъин намудани
Ҳакимзода Р.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






