Қурби доллари ИМА раванди пастравиро идома дод

Май 30, 2015 09:09

  Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро соҳиб гашта, тадриҷан дар 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди он то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст фаромад. 
    Дар ин рӯз қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ва қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ харид ва то 6,54 сомонӣ фурӯш барои 1 доллари ИМА баробар буда, аз бетағйиру доимӣ ва пай дар пай боқӣ мондани сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май шаҳодат медиҳад. 
    Сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард. 
    Фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеӣ омили дигари кам шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ гашт. 
    Ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуд. 
    Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамин сиёсати қурбии худро пайгирона амалӣ хоҳад кард.          
    Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ дар ин давра каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1210-0,1230 сомонӣ барои як рубли русӣ ва ба 6,8990-6,9350 сомонӣ барои як евро баробар шуданд. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд. 

Май 30, 2015 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид