Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат зиёд шуд
Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз рӯи маълумоти ҷамъбастии бонкӣ, бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,2 фоиз афзуд. Агар ба таркиби бақияи қарзҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 48,4 фоиз ё 5 385,1 млн. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 51,6 фоиз ё 5 749,4 млн. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,92 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,35 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 3,11 ва 2,6 банди фоизӣ паст мебошанд.
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани талабот ба қарзҳои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 16,3 фоиз бештар қарзҳои хурд дода шудааст. Аз ин маблағ 403,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






