Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Оғоз аз имрӯз, 26 май Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки он то 1 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон идома меёбад. Имрӯз дар доираи ин чорабинӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт аз ҷониби аъзои Созмони талабагони шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулгузорӣ шуда, аъзои рамзӣ ба сафи Созмони талабагон пазирифта шуданд.
Бино ба гуфтаи муовини директори муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Иброҳим Иброҳимов имрӯз дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт маросими ифтитоҳи «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагону таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, устодону омӯзгорон, собиқадорони Созмони талабагон ва дигар шахсон иштирок доштанд. Дар маросим наврасону кӯдакон ҳунарҳои дастиву дастовардҳои эҷодии худро ба тамошо гузошта, баъдан паради расмии наврасону кӯдакон аз назди Маҷмааи ёдгории «Боғи Ғалаба» гузашт.
«Аъзои Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ дар фазои орому осудаи ватан худро чун ахтарони дурахшони симои Ватан эҳсос намуда, бо рӯҳияи баланд дар зери навои суруди миллӣ ва гимни Созмони талабагон ба кори «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз намуданд»,-илова намуд И.Иброҳимов.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






