Ҳайати роҳиоҳанчиён ба Минск меравад
Душанбе, 18.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо ҳайати роҳиоҳанчиёни тоҷик таҳти роҳбарии сардори Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоолимов ҷиҳати иштирок дар 62-юмин ҷаласаи Шӯрои роҳиоҳанчиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба Минск -пойтахти Беларус меравад.
Назар ба иттилои Исмоил Исмоилов -мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар ин сафар сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро ҳамзамон муовинонаш Баҳром Шодиев, Исматулло Абдуллоев, инчунин Музаффар Мӯминов- сардори Хадамоти боркашонӣ, Шералӣ Қурбонов-сардори Хадамоти мусофирбарӣ, Шоҳрух Ҳасанов, директори экспедитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва Обидҷон Бобомуродов -муовини сардори Хадамоти молиявию иқтисодии корхонаи мазкур ҳамроҳӣ менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои роҳиоҳанчиёни кишварҳои ИДМ масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои роҳиоҳанчиёни ин давлатҳо, бахусус ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, корҳои анҷомдодашуда дар бахши шабакаҳои роҳи оҳан, комплекси мусофиркашонӣ дар соли 2014 ва семоҳаи аввали соли 2015, инчунин таҳияи ҷадвали меъёри ҳаракати қатораҳо дар солҳои 2015-2016, омодагӣ ҷиҳати барӯйхатгирии вагонҳои боркашонӣ дар соли 2015 ва дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои идораҳои роҳи оҳани кишварҳои ИДМ матраҳ мегарданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои роҳиоҳанчиёни кишварҳои ИДМ, ки 20-21 май дар Минск доир мегардад, ҳайати идораҳои роҳи оҳани кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин намояндагони Гурҷистон, Латвия, Литва, Эстония, Булғористон, Финляндия ва Эрон иштирок менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои нақлиёти роҳиоҳанчиёни кишварҳои ИДМ дар асоси Созишномаи сарони ҳукуматҳои ИДМ 14 феврали соли 1992 бо мақсади таъмини робитаҳои устувори иқтисодии давлатҳои ИДМ созмон дода шудааст. Бо шарофати фаъолияти шӯрои мазкур технологияи шабакаҳои ягонаи роҳи оҳани ИДМ ҳифз, инчунин рушди инфрасохтор ва сиёсати тарифии роҳҳои оҳани ИДМ таъмин гардид. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 62-юми Шӯрои роҳиоҳанчиёни ИДМ, Сергей Лебедев-раиси Кумитаи иҷроия ва котиби иҷроияи ИДМ иштирок намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






