Ҳалокати 4 зани тоҷик дар Қирғизистон
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯзронандаи мошини тамғаи Audi 100, марди 57-солаи сокини Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди шоҳроҳи Бишкек-Ӯш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи Audi S4, таҳти идораи марди 34-сола, сокини дигари Ҷумҳурии Қирғизистон бархӯрдааст. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ронандаи мошини Audi 100ва мусофирони ӯ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ду зани 51-сола, як зани 55-сола ва зани 46-сола, ҳама сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ин рӯз инчунин ронандаи мошини тамғаи Opel Astra , марди 30-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва мусофири ӯ зани 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






