Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бар асари сӯхтор, ки дар яке аз анборҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элформ», воқеъ дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав рух дод, шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Самадов, сокини шаҳри Ваҳдат ҳалок гардид. Ин фоҷиа 22 май рух дод. Хешованди марҳум Бахтиёр Сафолов аз ин ҳодиса ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират хабар дод.
Назар ба иттилои сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, кормандони намояндагӣ баъди расидани хабари нохуш якҷоя бо Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба маҳалли воқеа рафтанд. Дар ҷараёни суҳбат маълум шуд, ки шахси ҳалокшуда бо ду нафар шаҳрвандони ҶТ дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элформ» кор мекардааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ сабаби сӯхтор риоя нашудани қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқӣ будааст.
Мақомоти дахлдор барои пурра муайян намудани сабабҳои аслии ин ҳодиса чораҳои зарурӣ мебинанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






