Ҳам офтобу ҳам борон мешавад

Май 25, 2015 11:39

Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Имрӯз,  25  май,  дар  саросари   минтақаҳои  Тоҷикистон   ҳавои  камабр  ва борони  кӯтоҳмуддат  дар назар  буда, ҳаво 21 — 23  дараҷа  гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  26  май  ҳавои  соф дар назар  буда,  ҳаво   шабона  9 — 13  дараҷа  ва  рӯзона  27 — 29  дараҷа  гарм  мешавад.
Ҳафтаи  охири  моҳи  май  ҳавои  тағйирёбанда дар назар  буда,  баъзан борон  ва раъду  барқ  мешавад. 
Пагоҳ,  26  май,   ҳарорати  ҳаво  рӯзона дар  вилояти  Хатлон 27 — 29  дараҷа,  вилояти  Суғд  21 — 23  дараҷа,  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  28  — 29  дараҷа,  дар  ғарби  ВМКБ  23  — 25  дараҷа, дар  шарқи он  8 — 12  дараҷа ва  дар  шаҳри  Душанбе  29 — 31  дараҷа  гарм  мешавад.
Дар  ин  бора  аз  Хадамоти ҳавосанҷии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.
 

Май 25, 2015 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш