Ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ

Май 12, 2015 15:11

Душанбе, 12.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн аз 11-ум то 16 майи соли 2015 аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард. 
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо cафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, сафир Лейн аз ҷамоатҳои деҳот бо мақсади арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, дидан хоҳанд кард.
Сафир Лейнро панҷ нафар рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд.  Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии Ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷахонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан хоҳанд кард. 
Барномаҳои мазкур ташаббуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири оянда”-ро, ки таҳти роҳбарии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дигар барномаҳо, ки барои ислоҳоти замин, идораи босамари захираҳои об, таъмини кӯдак бо ғизои босифат ва саломатии модарон равона шудаанд, дар бар мегиранд. Инчунин барномаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти ассотсиатсияи зотпарварӣ, хоҷагии тухмипарварӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти боғдорӣ; барномаҳои WFP, оид ба дастгирӣ намудани табобати норасоии шадиди ғизо, таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагон ва ҷомеаҳо дар сохтмони хати таъмини оби ошомиданӣ низ ба онҳо шомиланд.  
Ҳамчунин гурӯҳ аз барномаҳои IFAD, ки ба ҷамоатҳо дар равона кардани захираҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд, дидан мекунад. 
 
 

Май 12, 2015 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!