Ҳамоиши илмии Кашмир- васлгари робитаҳои адабии тоҷику Ҳинд

Май 4, 2015 16:03

           Душанбе, 4.05.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-   Сарзамини Ҳинд асрҳои тўлонӣ аз марказҳои муҳими фарҳанги мардумони фосизабон ба шумор меравад, ки дар он аз ҷумла адабиёте ба вуҷуд омадааст, ки бо унвони адабиёти форсизабонони Ҳинд маъруф  буда, садҳо суханвари тавоноро ба майдони адабиёту ҳунар овардааст. Робитаи ин адабиёт ба адабиёти ҳавзаҳои дигари форсизабонон, амсоли адабиёти доираҳои Бухорову Самарқанд,  Ҳироту Исфаҳон, Шерозу Хуҷанд хеле қавӣ ва пурсамар будааст, ки мутаассифона, ҳанўз хеле кам баррасӣ шудааст.
         Ҳамоиши байналмилалии «Мероси муштараки адабии Ҳинд ва Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон», ки чанде қабл дар Донишгоҳи Кашмири Ҳиндустон баргузор гардид, ба барасии чунин робитаҳои пурсамар бахшида шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои  Латиф Латифӣ, котиби матбуоти АИ ҶТ
ҳамоиши мазкур бо ташаббуси  Маркази омўзиши  Осиёи Марказии Донишгоҳи Кашмир ва Бунёди байналмилалии Бедил ташкил гардида, дар кори он донишмандони кишварҳои гуногуни олам ширкат варзиданд. Профессор Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи  АИ ҶТ  ва  Замира Ғаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров аз ҷумлаи нафароне буданд, ки дар ҷаласаҳои ифтитоҳиву хотимавӣ ва бахшҳои илмии ҳамоиш сухан гуфта, дастовардҳои илми тоҷикро дар таҳқиқи робитаҳои адабии тоҷику ҳинд муаррифӣ намуданд.
       Ба иттилои манбаъ дар ҳамоиши мазкур доктор Ҳосиб Дробу-вазири фарҳанг ва молияи устони Кашмир ва Ҷамаи Ҳиндустон  низ сухан намуда, зарурати баррасии бештари фарҳанги форсизабонро таъкид кард. Дар бахшҳои гуногуни ҳамоиш беш аз 50 суханронии илмии муҳаққиқони кишварҳои гуногуни дунё шунида ва баррасӣ шуд.
 

Май 4, 2015 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!