Ҳар кӣ накуном зист…
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 05 майи соли 2015 78-умин солгарди Рустами Абдураҳим дар шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад.
Зиёда аз 23 сол боз чун анъана 05 май намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Муъминобод, фарзандон, хешу табор ва шогирдону ҳаммаслакон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим бо ҳам омада, аз маҳорати баланд ва санъати волои дуторнавозӣ, ҳазлҳои шакарин ва сухандонии шодравон Рустами Абдураҳим ёд мекунанд.
Беш аз 50 оҳанги шодравон дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, ки ҳамарӯза садо дода, қалби ҳазорон нафарро таскин мебахшанд. Оҳангҳои Рустами Абдураҳим тараннумгари озодӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, васфи ишқу садоқат ба зиндагӣ ва диёри маҳбубамон-Тоҷикистон мебошанд.
Ёди неки Рустами Абдураҳим дар қалбҳои мо ҳамчун “Ходими хизматнишондодаи санъати тоҷик”(пас аз вафот), “Муаллими хизматнишондода” ва билохира ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик то абад боқӣ хоҳад монд!
Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






