Ҳарифони футболбозони навраси Тоҷикистон
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 22 май, дар Академияи клуби футболи «Истиқлол» — и Душанбе, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор, Ҷашнвораи минтақавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё (U 14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз меёбад, ки дар он дастаҳои мунтахабаи наврасони Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри Ланка, Непал ва Покистон иштирок менамоянд.Тавре ки аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 21 май дар маҷлисгоҳи Академияи футболи «Истиқлол» ҳамоиши танзимотӣ бо иштироки намояндагони дастаҳои иштироккунандаи ҷашнвора баргузор гардид. Ҳамоҳангсози ҷашнвораи Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон доктор Шомил Комил Муҳаммад ал Ҷадҷонӣ (Ироқ) зимни суханрониаш изҳор дошт, ки «Тоҷикистон бори нахуст ҷашнвораи футболи Конфедератсияи футболи Осиёро дар кишвари худ доир менамояд. Мақсади асосии ҷашнвора барои варзишгарони ҷавон фароҳам овардани шароити пайдо намудани таҷриба ва омодагирӣ ба мусобиқоти оянда таҳти васояти Конфедератсияи футболи Осиё мебошад». Сардори шуъбаи футболи наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев ба иштирокдорони ҷашнвора муроҷиат карда, чунин гуфт: «Мехостам, ки ҳамаи шуморо аз ҷониби роҳбариятамон табрик гӯям. Мо басо шодем, ки Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони гузаронидани ҷашнвора дар минтақаамон интихоб кардааст. Ба ҳамаи иштироккунандагони ҷашнвора муваффақиятҳои бештареро орзу дорам». Сипас маросими қуръапартоии дастаҳо баргузор шуд. Гурӯҳи «А» иборат аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва Шри Ланка мебошад. Гурӯҳи «Б» — ро дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Покистон ташкил медиҳанд.Дастаи наврасони Тоҷикистон имрӯз, 22 май, бо дастаи Эрон вомехӯрад. Дар даври дуюм футболбозони Тоҷикистон 23 май бо дастаи Ҳиндустон ва 25 май бо дастаи Шри Ланка қувваозмоӣ менамоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳамаи бозиҳои ҷашнвора дар майдони Академияи «Истиқлол» сурат мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






