Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар Душанбе
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тибқи маълумоти мутахассисони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми май дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






