Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар Душанбе

Май 15, 2015 08:58

Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз, 15-уми май дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм хоҳад шуд. 
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. 
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд. 
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад. 
Дар ин бора аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
 
 

Май 15, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад