Ҳимоятгари пешини Помир Ҷоми Русияро гирифт
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Собиқ ҳимоятгари дастаи Помир-и Душанбе Игор Черевченко ва бозингари футболи Тоҷикистон, ки ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сармураббии бошишгоҳи Локомотив-и Маскав аст, ҳамроҳ бо дастааш Ҷоми Русияро соҳиб шуд. Дар қисмати ниҳойии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Русия дастаи Локомотив бо ҳисоби 3:1 дастаи Кубани-ро мағлуб сохт. Вақти асосии бозӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ бозингарони дастаи Локомотив ду тӯби дигарро вориди дарвозаи ҳариф карданд. Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко аввалин нафарест, ки Ҷоми Русияро ҳам ба ҳайси бозингар ва ҳам ба ҳайси сармураббӣ соҳиб шудааст. Хотиррасон менамоем, ки солҳои 1996, 1997, 2000 ва 2001 ӯ ҳамчун бозингар ин ҷоизаро гирифт.Бояд зикр кард, ки Черевченко ин пирӯзиашро дар Ҷоми Русия ба падараш — Геннадий Черевченко, яке аз ситораҳои дастаи Помир-и Душанбе, ки соли гузашта аз дунё гузашт, бахшидааст. Ин ғалабаро ба падарам мебахшам, ки маро тарбия карда, футболбоз, тренер ва одам кард,-гуфтааст ӯ дар суҳбат ба хабарнигорон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






