Ҳолати сабти аснод дар Кӯлоб
Кӯлоб, 26. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адляи ҶТ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси муроҷиати шаҳрвандон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот 1362 сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифтанд.
Бино ба иттилои мутахасиси бахш Абдусаттор Ҳакимов, дар ин муддат 517 сабти таваллуд, 116 сабти вафот, 141 сабти никоҳ, 333 сабти барқарории таваллуд, 187 сабти муқарарии падарӣ, 20 сабти бекор кардани никоҳ, 45 сабти иваз намудани ному насаб ва дигар сабтҳои асноди шахрвандиро аз қайди давлатӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки кормандони бахш аз ҳисоби боҷи шаҳодатномаҳои такрорӣ , ворид номудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо, бақайдгирии кӯдакони синнашон аз 16 боло , бекор кардани ақди никоҳ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба маблағи 14 ҳазору 800 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ ворид намудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






