Ҳуқуқҳои занонро ҳимоя менамоем

Май 30, 2015 09:09

Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мақоми зан дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои оилавӣ дар замони муосир» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам-Абӯҳанифа бини Собит, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои «Ҳимояи ҳуқуқи занон тибқи қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои занон», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурезагон: таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар ин самт», «Нақши модар дар омӯзиш ва парвариши фарзанд», «Нақши модар дар тарбияи духтар», «Баъзе мушкилоти ҳуқуқии ақди никоҳи хешутаборӣ ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.
 

Май 30, 2015 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд