Ҳунарпешагони Театри лӯхтак ба Бишкек мераванд
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова).- Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе аз 27 май то 3 июн дар Ҷашнвораи якуми байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Так- теке» дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иштирок менамояд.
Назар ба хабари роҳбарияти театр, актёрони тоҷик намоишномаи «Шуча» аз рӯи асари Владимир Масловро манзури тамошобинон менамоянд. Коргардони намоишнома Ходими шоистаи санъат Зафар Ҷаводов мебошад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, ҷашнвора имконияти нодире барои густариши табодули фарҳангӣ дар бахши санъати имрӯзаи театрҳои лӯхтак маҳсуб меёбад.
Дар ҷашнвора баробари актёрони тоҷик ҳунарпешагони Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон низ иштирок менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






