Ҳусом Муғозӣ дар Конфронси оби Душанбе ширкат мекунад

Май 25, 2015 08:41

Душанбе, 25.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 майи соли 2015 расонаҳои мисрӣ хабареро мунташир намуданд, ки бино бар он Миср таъйид кардааст, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки онро Тоҷикистон 9-11 июни соли ҷорӣ мизбонӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли СММ Пан Ги Мун расман мекушоянд, ширкат хоҳад намуд. 
Қарор аст, ки ҳайати мисриро дар конфронс доктор Ҳусом Муғозӣ, вазири захираҳои об ва обёрӣ намояндагӣ кунад. Аз сӯи дигар, Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ эълом намудааст, ки хонум Шуҳра Қасиа, мудири Маркази пажӯҳиши об ва амнияти оби арабӣ ба намояндагӣ аз Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар ин конфронс ширкат хоҳад кард.
Дар баёнияе, ки онро Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира паҳн намудааст, омадааст, ки иштироки Пан Ги Мун аҳамияти ҳамоиши байналмилалии мазкурро барои Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, ба вижа дар партави қабул гардидани Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла тазмини дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ ва беҳдошт барои ҳама ва таҳкими идораи устувори захираҳои обӣ ба таври возеҳ таъкид мекунад.
То ба имрӯз беш аз 70 кишвар дар сатҳи нахуствазирон, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони захираҳои об, инчунин 50 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштироки худро дар конфронси Душанбе таъйид намудаанд.
 
 

Май 25, 2015 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд