Ҷаласаи 38-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният
Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 38-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба кори худ шуруъ намуд. Дар кори ҷаласа роҳбарони тамоми сохторҳои амниятии аъзо, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи иҷроияи иттиҳоди давлатҳои мустақил, масъулин аз Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдова, Беларус ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ҳайати назоратчӣ ҳамчунин намояндагони сохторҳои амниятии Туркманистон, Олмон, Испания Фаронса, Италия иштирок доштанд.
Масъалаи марказии ҷаласаи навбатии роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махуси давлатҳои аъзои ИДМ-ин таъмини амният дар минтақа буд. Дар ин раванд масъулин масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла терроризму экстремизм, нажодпарастӣ, зуҳуроти гуруҳҳои ифротӣ ва дигар проблемаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ки дар ҷаласа гуфта шуд, бо назардошти хатарҳои ҷаҳони муосир сохторҳои амнияти кишварҳои минтақа ҳамкориро ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани сарҳади давлатӣ бояд равнақ диҳанд. Таҳлилгарони соҳа яке аз воситаҳои асосии пурзӯр намудани ҳамкориро дар таъмини бехатарии иттилоотӣ ва пешгирӣ аз ҳаракатҳои террористӣ, эктримистӣ номида, иброз доштанд, ки зуҳури ҳаракати экстремистӣ бо номи «Давлати исломӣ» моро водор месозад вазифаи худро босифат ва сари вақт анҷом диҳем.
Гуфта шуд, ки танҳо маҳз фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






