Ҷаласаи энергетикҳои кишварҳои ИДМ
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 26 май, дар шаҳри Еревани Арманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои неруи барқи ИДМ оғоз ёфта, дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода иштирок менамояд.
Тавре ки аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа доираи васеи масоили ҳамкории байнидавлатии кишварҳои ИДМ дар бахши неруи барқро баррасӣ менамоянд.
Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа бояд натиҷаи кори системаҳои энергетикии давлатҳои узви Иттиҳод дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014 — 2015 мавриди муҳокима қарор гирад. Ғайр аз ин бархе ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти кории Шӯрои неруи барқи ИДМ таҳия намудаанд, баррасӣ мешаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ба имзо расонидани Ёддошти ҳусни тафоҳуми байни Шӯрои неруи барқи ИДМ ва Комиссияи иқтисодию иҷтимоии ИДМ барои Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






