Ҷаласаи кории муовини Сарвазир оид ба рушди саноат

Май 11, 2015 09:43

Душанбе, 11.05.2015. (АМИТ “Ховар”). – Сар аз нимаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо сафари корӣ оид ба рушди саноат дар минтақаҳо аз ноҳияҳои Ёвон, А. Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Вахш ва шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дидан намуд.  Дар иртибот ба иҷрои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015, ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст, мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ, дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ҷаласаи кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим бо раисон, муовинони сарпарасти соҳаи воқеии иқтисоди шаҳру ноҳияҳо ва доираи соҳибкорони минтақаи Қурғонтеппа баргузор гардид. Муовини Сарвазир аз таъсиси корхонаҳои қолинбофӣ, барои 70 нафар зани маҳалӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, истеҳсоли мизу курсӣ барои мактаббачагон, коркарди шир бо иқтидори 10 тонна дар як моҳ ва истеҳсоли намудҳои гуногуни рангҳоро дар шаҳри Қурғонтеппа ёдовари намуда қайд намуд, ки новобаста аз ин дастовардҳо, ҳолати кунунии рушди саноат дар вилоят хеле нигаронкунанда мебошад. Ҳиссаи вилоят Хатлон дар Маҷмуи маҳсулоти минтақавии кишвар 1695,9 млн сомонӣ ё ин ки 25%-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 984,5 млн. сомонӣ ё ин ки 59,3%-ро истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ва 711,4 млн. сомони ё ин ки 40,7% -ро маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Таносуби маҷмуи маҳсулоти миёнаи саноати ба сари аҳолии вилоят барои семоҳаи аввал 333,4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин қобили қабул нест. Имкониятҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вуҷуд доранд, вале ҷалби соҳибкорони дохиливу ватанӣ, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои коркард ба малакаи кордониву ташкилии раисон ва муовинони сарпарасти соҳа вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин дастур дода шуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи онҳо маҳз ҳамин нишондиҳанда бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор равад. Соҳаи дузандагӣ метавонад ба самти афзалиятнок барои таъсиси ҷойҳои кории доимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гардад. Тибқӣ маълумоти оморӣ дар вилоят барои соли таҳсили 2014/15 донишҷуён мактабҳои олӣ ва миёнаи техники 41700 нафар, талабагон 654376 нафар ва кўдакони кўдакистонҳо бошад 26123 нафарро ташкил медиҳанд. Дар сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон зиёда аз 12 ҳазор табибон, кормандони миёна ва хурди тиб фаъолият мекунанд. Яъне бозори калони хизматрасонӣ вуҷуд дорад ва дар ҳолати таъмин намудани сифат ва арзиши дастрас мо метавонем на танҳо худро бо либоси шинаму зебои ватанӣ таъмин намоем, инчунин ҷойҳои кории доимӣ ва манбаъҳои пардохти андозҳоро дар шаҳру ноҳияҳо таъсис диҳем. Муовини Сарвазир дар бахши густариши ҳамкориҳои давлативу хусусӣ ёдовар аз он шуд, ки дар соли 2014 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои дастгирии соҳибкории миёна ва хурд тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ 63 млн. сомонӣ ҷудогардида буд ва ин нишондиҳанда дар соли 2015 дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар 7 соли оянда ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад. Мақсади асосӣ таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва минтақаҳо мебошад. Тавассути ин корхонаҳо ҳаҷми асосии истеҳсоли меваҷоту сабзавот бояд коркард гардида иқтидори содиротии минтақа афзун гардад, чунки қисми асосии меваҷоту сабзавоти истеҳсолшаванда дар минтақаҳо, бинобар сабаби набудани шароити нигоҳдорӣ аз даст меравад, ки ин ҷавобгўи талабот нест. Мавриди ёдоварии махсус аст, ки ҳар як пайомад паҳлуҳои мусбию манфии худро дорад, ва кризисе ки мо ва шарикони стратегии моро таҳдид карда истодааст, дар ҳолати самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда метавонад ба рушди самтҳои афзалиятноки кишвари мо мусоидат намояд. Бо афзун гардонидани иқтидори коркарди меваю сабзавот дар минтақаҳои кишвар, мо ҳам дар бозори шарики стратегии худ ҷойи худро устувор мегардонем ва ҳам корхонаҳои коркарди кишварро дар минтақаҳо фаъол намуда ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳем. Маҳз аз ҳамин хотир мо мехоҳем, ки корхонаҳои коркардро дар минтақаҳо дастгирӣ намоем.

Май 11, 2015 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд