Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД дар Душанбе
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз 25 то 28 майи соли 2015 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти таҳдиди маводи нашъаовар баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД, маросими баимзорасии Созишнома бо ҷониби Русия сурат мегирад.
Ҳамчунин мулоқоти чоруми вазирон ва роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ташаббуси АҚТ» бо иштироки роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар назар дошта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






