Ҷаласаи роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии АҚТ дар Душанбе
Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии шарҳии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон «Ташаббуси АҚТ» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идораи сарҳад байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Инчунин дар чаҳорчӯби Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя «Медиа-форум»-и минтақавӣ таҳти унвони «Огоҳонидани аҳолӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузор намудани медиа-форум огоҳ намудани ҷомеа аз оқибатҳои маводи мухаддир, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва тақвияти ҳамкориҳо бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин беҳтар намудани мубодилаи иттилоот байни кишварҳои аъзо арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






