Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар Душанбе
Душанбе, 12.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шурӯъ аз имрӯз, 12-уми майи соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардида истодааст.
Дар кори ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро аз кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Русия иштирок дошта, дар назар аст дар кори ҷаласа 17 масъала вобаста ба тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи ИДМ, иҷрои нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2014-2015, амалисозии Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони ИДМ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҳамчунин дар назар аст дар ҷаласа лоиҳаи низомнома дар бораи ташкили заминаи рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ҳолат ва дурнамои таҷрибаи баҳогузории вазъи ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ, баррасии нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2016-2017 ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиён қарор мегирад.
Дар кори ҷаласаи Шӯро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аъзои Шӯро Аҳтам Абдулозода иштирок намуда, вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолияти кишвар маърӯза намуд.
Гуфта мешавад, кори ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ фардо низ дар Тоҷикистон идома хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






