Ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ
Душанбе, 21.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори Соли оила ва Рӯзи ҷавонон 21 май дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар таҳти унвони «Усулҳои муосири мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ конфронси илмӣ -назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар гузаронида шуд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Лутфия Абдулхолиқзода- ректори Донишкада идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи конфронс доир ба нақши ҷавонон дар идораи давлатӣ сухан карда, онро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон иштирокдорони конфронс доир ба ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии онҳо, худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ- ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, нақши созандаи арзишҳои миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва усулҳои муосири ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ, оилаи солим- пойдевори мустаҳками ҷомеа ва нақши он дар ташаккули шахсият ва ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан дар хонавода ва ҷомеаи навини Тоҷикистон ва ташаккули маърифати репродуктивии оилаи тоҷик дар замони ҳозира ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






