Ҷамъбасти даври аввали «Таронаи Ваҳдат»
Душанбе, 28. 05. 2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» ҷамъбаст гардид.
Тавре ки Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад, даври аввали фестивал-озмун дар маҳалҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ ҷамъбаст гардида, ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти фестивал-озмун, протоколҳои ҳайати ҳакамон, барномаҳои ҳунарӣ, рӯйхати иштирокчиён ба Вазорати фарҳанг пешниҳод мегарданд.
Ҳайати ҳакамони Вазорати фарҳанг ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаҳои ғолибони даври аввали фестивал-озмуни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои иштирок дар даври ҷамъбастии фестивал-озмун пешниҳод менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки даври дуюми (ҷамъбастии) фестивал-озмун моҳи августи соли 2015 бо иштироки ғолибони даври аввал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






