Ҷамъбасти “Донояк” дар кӯдакистонҳои Хуҷанд
Хуҷанд, 30.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои нақшавии шуъбаи маорифи шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак байни муҳассилини кӯдакистонҳои маркази вилоят озмуни шаҳрии “Донояк” баргузор гардид.
Тавре ки масъулин аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, озмуни мазкур дар кўдакистони хусусии «Дилоро»-и шаҳр доир гашта, дар он толибилмон- кӯдакон аз 31 муассисаи томактабии Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар интиҳои озмун ғолибон ва иштирокдорони фаъол аз кӯдакистонҳои №№40, 33,13, 25, 12,36,24 бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф сарфароз гардиданд. Тибқи маълумоти манбаъ, акнун ғолибони озмуни шаҳрӣ ба даври вилоятӣ тайёрӣ хоҳанд дид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






