Ҷамъбасти натиҷаи мукофоти асосии башардӯстонаи ИДМ
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси бахши амнияти байналмилалӣ Талбак Назаров ҷоизи Мукофоти байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» дар соҳаи илму маориф гардид. Шӯрои мукофотҳо ҷоизони соли 2014 ро эълон кард. Тавре ки аз дафтари Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ хабар доданд, мукофотҳо дар бахши «Фарҳанг ва санъат» ба актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи мардумии Арманистон Рафаэл Котанҷян, ректори Академияи миллии санъати Қазоқистон Бибигул Нусифҷонова ва роҳбари бадеии Оркестри давлатии академии симфонии ба номи П.И Чайковский, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Владимир Федосеев супурда шуданд.Мукофоти «Ситораҳои Иттиҳод» — ро соли 2009 Шӯрои ҳамкории башардӯстона ва Бунёди байнидавлатии башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ таъсис дода буд. Мукофот ҳар сол ба намояндагони давлатҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар бахши фаъолияти башардӯстона супурда мешаванд.Маросими ботантанаи супурдани мукофотҳо ба ҷоизони мукофотҳои соли ҷорӣ 6 июн дар шаҳри Воронеж, ки 2015 Пойтахти фарҳанги ИДМ гардид, сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






