Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Ғалаба
Ҷиргатол, 6.05.2015.(АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, талабагону варзишгарони ноҳия бахшида ба иди Ғалаба маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ноҳияи мазкур 6 нафар иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст, ки дар ин маҷлис ширкат варзида, ба ҳозирин аз қиссаҳои воқеии солҳои ҶБВ нақл карданд ва ҷавонони ноҳияро ба ватандӯстию меҳрубонӣ нисбат ба падару модар ташвиқ карданд. Дар ҷамъомад ба шаш нафар мардони шуҷои Ватан раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир нишони ҷашни 70- солагии Ғалаба ва мукофоти пулиро супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






