Ҷамъоварии иттилоот ва ҷой додани он дар Интернет-портал
Душанбе, 4. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Зафарҷон Бурҳонов муовини аввали Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат дар мавзӯи «Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» баргузор гардид.
Дар машварат масъулони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва донишкадаҳо иштирок доштанд. Ҳадаф аз гузаронидани машварат ҷамъоварии иттилоот ва ҷой додани он дар Интернет-портал, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон ва масъулини соҳа мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






