Ҷангалпарварӣ дар Фархор рушд меёбад
Душанбе, 20. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия Муъмин Ятимов соли ҷорӣ дар ноҳияи Фархор 62 гектар боғи нав бунёд шуд, ки дар он 230 бех ниҳоли зардолу, 150 бех ниҳоли себи биҳӣ, 70 бех ниҳоли шафтолу, 2340 бех туяи шарқӣ, писта, бодомҳои гуногун ва дигар ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуда, нигоҳубин мешаванд. Азбаски ноҳияи Фархор ноҳияи сарҳадӣ мебошад, шаҳрвандони давлати Афғонистон даст ба шикори ҳайвонҳои нодир мезананд, ки ин ҳам сари вақт аз ҷониби ҷангалбонони муассиса пешгирӣ мешавад.
Инчунин аз ҷониби масъулини муассиса корҳои биотехникӣ, аз чумла сохтани лонаи паррандаҳо, пошидани рези гандум, додани коҳ барои ҳайвонҳои кӯҳӣ ва дигар чорабиниҳо роҳандозӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, ашхосе, ки бераҳмона даст ба буридани дарахт ва ба шикори ҳайвонҳои нодир мезананд, аз тарафи масъулини муассиса ҷарима мешаванд. Соли ҷорӣ ба 34 нафар ба маблағи 11 ҳазору 376 сомонӣ санад тартиб дода шуда, маблағи ҷарима пурра ситонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






