Ҷашнвораи 1Х донишҷӯён дар Қуния
Қуния, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангиз Раҳимова).- Аз 1 то 3 май дар Донишгоҳи «Салҷуқ» — и шаҳри Кунияи Туркия ҷашнвораи навбатии 1Х донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар баргузор гардид.
Дар ҷашнвораи ҳарсола, ки ҳукми анъана пайдо кардааст, беш аз 250 нафар донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла 15 нафар духтарон аз донишкадаҳои мухталифи олии шаҳрҳои Истамбул, Анқара, Измир, Ғозиёнтеп, Эскишаҳр, Қайсарӣ, Қуния, Самсун, Қибриси Шимолӣ, Сақария ва Бурс ширкат доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов дар рӯзи якуми ҷашнвора бахши расмии маросимро, ки дар он раиси палатаи савдои шаҳри Қуния Аҳмед Ориҷӣ, муовини ректори Донишгоҳи «Салҷуқ» Маҳмад Мӯсо Озҷан ширкат доштанд, ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва донишҷӯёни тоҷикро муборакбод кард.
Сафир зимни суханрониаш иброз дошт, ки ҷашнвора дар шаҳри Қуния доир гардид, ки бо фарҳангу таърихи худ машҳури ҷаҳон гаштааст. Дар ин шаҳр мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ воқеъ аст, ки он ба ҷашнвора ҳусни нав мебахшад.
Муовини ректори Донишгоҳи «Салҷуқ» Маҳмад Мӯсо зимни суханрониаш зикр намуд, ки пазироии донишҷӯёни тоҷик барои мардуми Туркия басо гуворост. Мавсуф илова намуд, ки чунин чорабиниҳо муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи ҳар ду кишварро рушду густариш медиҳанд.
Дар рӯзи дуюми ҷашнвора донишҷӯён бо нависанда, таърихшинос, ҷоизи мукофоти давлатии Рӯдакӣ Бароталӣ Абдураҳмонов ва муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нависандаи халқии ҶТ Абдулҳамид Самад вохурданд. Дар ин мулоқот набераи насли 23 -юми Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ Фахрия Сонар бо аҳли оилааш ширкат дошт.
Дар рӯзи сеюми ҷашнвора ҳозирон донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи Анқара Абдурашид Абдуҳомидовро такроран раиси Шӯрои донишҷӯён интихоб намуданд.
Ҷашнвора бо сайри ҷойҳои таърихии Қуния, аз ҷумла оромгоҳ ва осорхонаи шоиру файласуфи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ поён ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи мазкурро Сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо дастгирии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул аз соли 2006 инҷониб ҳар сол дар минтақаҳои мухталифи Туркия доир менамояд. Ҷашнвора ба донишҷуёни тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки баробари таҳсил дар Туркия ба шаҳрҳои гуногуни он низ сафар кунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






