Ҷашнвораи «Бердэмлек Иттиҳод» дар Бошқирдистон
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Хонаи давлатии эҷодиёти халқии Русия, Вазорати фарҳанги Бошқирдистон ва Маркази ҷумҳуриявии эҷодиёти халқӣ аз 3 то 9 июн дар Бошқирдистон Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги миллӣ таҳти унвони «Бердэмлек Иттиҳод» баргузор мегардад.Дар ҷашнвора беш аз 200 нафар косибони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Бразилия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ маснуоти худро манзури муштариён менамоянд. Солҳои охир ин ҷашнвора дар ҳошияи Барномаи федералии «Фарҳанги Русия» рӯи кор оварда мешавад. Сокинони минтақа метавонанд бо анъаноти миллии халқҳои Русия, кишварҳои СҲШ ва БРИКС (гурӯҳи кишварҳои панҷгона, аз қабили Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) шинос шаванд. Дар ҷараёни ҷашнвора ярмаркаю намоишгоҳи санъати ороишию амалӣ доир гардида, дар он офаридаҳои косибони кишварҳои хориҷи наздик ба маърази намоиш гузошта мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






