«Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солиманд»
Муъминобод, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол ).- 17-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солиманд» дави миллӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабинии варзишӣ 2726 нафар ширкат варзида, аз ин шумора 200 нафараш бону буд.
Ба гуфти мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Абдулло Раҷабов дар чорабинӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабинӣ ташкилоту муассисаҳо дар масофаи 1 км, духтарон дар масофаи 3 км ва писарон дар масофаи 5 км давида, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Дар натиҷа ҷои якум ба Муини Тоҳир ва Салима Боронова насиб гардид, ки сари вақт ба марра расиданд. Дар охир ба 15 нафар иштирокчии чорабинӣ ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия супорида шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






