Ҷавонон- неруи созандаи ҷомеа

Май 26, 2015 09:56

 
    Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи таҷлили «Даҳ рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарият ва ҳайати кормандони донишкадаи мазкур, инчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
  Дар ҷамъомад Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар, Аҳтам Абдуллозода-раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати мамлакат  доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеъ ва нақши ҷавонон  дар идораи соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, нақши созандагию бунёдкории ҷавонон дар раванди эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ тақвияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ибрози назар намуданд.
   Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа дар тӯли солҳои охир бо таҳияи барномаҳои мукаммали давлатӣ  тадбирҳои муассир меандешанд. 
  Дар фарҷоми ҷамъомад ба ғолибон ва иштирокдорони форумҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳои байналмилалию  ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олии кишвар ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои молию хотиравӣ тақдим шуданд.
 
 
 
 

Май 26, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд