Ҷилавгирӣ аз қочоқи «ESSE» аз Афғонистон
Душанбе,19.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи 300 баста сигарети тамғаи «ESSE» аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ҳангоми азназаргузаронии мошини калони боркаш, ки мансуб ба як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аст, аз зери халтаҳои шакар 300 баста сигарети тамғаи «ESSE»-и истеҳсоли Корея дарёфт ва мусодира шуд. Гуфта мешавад, ки номбурда мехост ин миқдор бастаи сигаретро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода шуда, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






