Ҷоизаи «Симурғи булӯрин» ба Марат Орифов
Душанбе, 7. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии “Миллат” — и Теҳрон ҳунарманди тоҷик Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» — и коргардон Носир Саидов ба гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора- «Симурғи булӯрин» муваффақ гардидааст.
Филми “Муаллим” бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон намоиш дода шуд. Ба гуфтаи коргардони тоҷик навиштани филмнома 3 сол, филмбардорӣ 45 рӯз ва тадвини он се моҳ тӯл кашидааст. Дар филм Маҳнози Афшор — ҳунарманди маъруфи эронӣ яке аз нақшҳои асосиро бозӣ намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






