1500 сомонии Президент ба иштирокчиёни набард

Май 7, 2015 15:21

   Душанбе, 7.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Имсол аз ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  70 сол сипарӣ мешавад. Маҳз ба ҳамин муносибат мақомот ва идораҳои кишвар нафарони дар ин набард ҷоннисорӣ намударо бо кумакҳои пуливу молӣ қадрдонӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 16 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маблағи 1500 сомонӣ ба ҳар  нафар ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамин 16 нафар ба таври алоҳида ба маблағи 1000 сомонӣ туҳфаи молӣ ва ба 38 нафар заҳматкашу медалдор ба маблағи 70 сомонӣ ба ҳар нафар туҳфаи молӣ тақдим гардид. Ҳамчунин аз номи раиси шаҳри Душанбе ба 98 нафар иштирокчии майдони набард, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, яктогӣ китоби ҷашнӣ туҳфа гардид.
       Тавре ки Сафаралӣ Нурмаҳмадов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод, бо қарори  раиси ноҳияи Фирдавсӣ ширкатҳои «Лото-спорт» ва «Samsung» ба 51 нафар иштирокчии ҶБВ  маводи  хӯрокӣ  ва  роҳбарияти боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳия  ба 10 нафар иштирокии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маводи хӯрокӣ кумак карданд. «Инчунин дар асоси муроҷиати мақомоти иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ аз раёсати гумруки шаҳри Душанбе  ба 6 нафар оилаҳои бесарбони иштирокчиёни набард ва оилаҳои ҳамин нафарон, ки нафақаашон ба охир расидааст  ба таври алоҳида ба маблағи 300 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд»,-афзуд Сафаралӣ Нурмаҳмадов. Номбурда афзуд, ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия ба оилаҳои бесарубонмондаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои молиявӣ ироа гардиданд.
       Ба иттилои манбаъ аз соли 2006 инҷониб бо қарори раиси шаҳри Душанбе  иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ба ҳар як корхонаву ширкат  вобаста шудаанд, ки  ҳар моҳ  бо кумаки молиявӣ таъмин мешаванд.
 

Май 7, 2015 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад