20 соли бетарафии Туркманистон
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 12 май ба ифтихори 20 солагии бетарафии доимии Туркманистон дар шаҳри Душнбе конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Бетарафии Туркманистон: омили сулҳу рушди устувор ва ҳамкории судманд» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишвар сурат гирифт. Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишонқулӣ Амонлиев изҳор дошт, ки бетарафӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият сарчашма мегирад. Дипломати Туркманистон зикр намуд, ки мақоми ҳуқуқи байналмилалии бетарафии доимӣ дар Конститутсияи амалкунандаи Туркманистон зикр ёфта, дар аксари ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дастгирӣ шудааст.Дар конфронс президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, муовини ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Алёна Никулита, ректори Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махдумқули Г.Хонмуродова ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров дар мавзӯъҳои «Бетарафии Туркманистон: омили сулҳу рушди устувор ва ҳамкории судманд», «Сиёсати бетарафӣ ва сулҳҷӯӣ интихоби таърихии Туркманистони мустақил», «Мақоми Туркманистони бетараф дар таъмини суботи минтақаи Осиёи Марказӣ» маърӯза карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






