23-юми май- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 20, 2015 16:44

 
«Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд».
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 
 
Душанбе, 20.05.2015. («АМИТ Ховар»).-Дар айни замон мо дар арафаи ҷашни Рӯзи ҷавонон қарор дорем. Бо ин мақсад хабарнигорамон Некрӯзи Муҳаммадсодиқ бо Наврӯз Қурбонов, корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем.
 
«Ховар»: Медонем, ки ҳамасола 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин рӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории кадом чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст?

-Тавре ки медонем, ҳамасола 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол низ барои  дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин рӯз нақшаи чорабиниҳои «30-рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қабул гардид, ки аллакай дар доираи он чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишию оммавӣ доир гардида истодаанд. Аллакай аз 1 май силсилаи чорабиниҳо оғоз гардида, идома доранд. Аз ҷумла, оғози марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, конфронси илмӣ-амалӣ ва ҳамин тавр 15 -16-уми  май аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон — неруи  рушди зеҳнии кишвар» доир шуданд. 
 
Ховар: Мехостам доир ба ин Форум каме маълумот медодед. 
 
— Ин аввалин Форуми байналмилалии ҷавонони ихтироъкор ва олимони ҷавон буд, ки дар он намояндагони ҷавонон ва олимону ихтироъкорон аз Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи марказ, дар маҷмӯъ аз 68 шаҳру ноҳияи кишвар ва ин чунин аз кишварҳои хориҷа,  аз ҷумла Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории ин Форум пеш аз ҳама баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷавонон ва ба ин восила муайян намудани имкониятҳои интелектуалии ҷавонони ихтирокор буд. Ҳамзамон  дарёфти истеъдодҳои ихтироъкор аз шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат мебошад. Ба ҳамин хотир қисмати дуввум ва ҷамъбасти Форум дар шаҳри Кӯлоб доир шуд. 
 
«Ховар»: Дар чорабиниҳо дар арафаи Рӯзи ҷавонон оё ҷиҳати дастгирии иҷтимоии доираи нақшаи ҷавонон ягон корҳо анҷом ёфтанд? 
 
-Бале, суоли хеле бамаврид. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои  олли кишвар» ва ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоии  наврасон ва ҷавонон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва хайриявиро дар Мактаб — интернати ноҳияи Қубодиён доир намуд. Дар он роҳбарияти кумита бевосита иштирок карда, бо  шароити мактаббачагон аз наздик ошно гардиданд. Ва ба кӯдакон ва наврасоне, ки аз падару модар маҳрум мебошанд, умуман ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили либос ва лавозимот тақдим намуданд. Ҳамзамон кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, аз ҳолу аҳволи ҷавонон эҳтиёҷманд ва шахсони мӯҳтоҷу барҷомонда аз ҷумла аз  хона интернатҳо низ дидор намояд.
 
«Ховар»: Тавре медонем, кумита пайваста озмунҳои гуногунро миёни ҷавонон доир мекунад. Дар ин бобат чӣ гуфта метавонед? 
 
-Оре, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар арафаи Рӯзи ҷавонон озмунҳои гуногунро аз тариқи васоити ахбори омма эълон намудааст. Аз ҷумла, озмуни мусавирони ҷавон зери унвони «Тоҷикистон кишвари ман» ва озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонони  соҳибистиқлол» эълон гардидааст, ки дар он кулли ҷавонони эҷодкор имкони иштирок карданро доранд. Ин ҳам фикр мекунам,  барои ҳавасманд ва пайдо намудани ҷавонони эҷодкор аз минтақаҳои гуногуни кишвар замина мегузорад. 
 
«Ховар»:  Ҳамасола дар ҳафтаи ҷавонон Рӯзи дави миллӣ доир карда мешавад? Имсол он чӣ гуна сурат гирифт?
 
-Тавре ки медонед, бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 17-уми май  Рӯзи Дави миллӣ эълон гардидааст ва ҳамасола он дар як фазои дӯстӣ ва эҳтиром доир мешавад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ, ки барои солимии ҷомеа нақши бағоят калон дорад, дар як сатҳи баланд баргузор карда шуд. Танҳо дар пойтахти кишвар дар ин дав ҳудуди 40 000 нафар ширкат варзиданд. 
Ҷиҳати фарқкунанда ва ҷолиби дави миллии имсола аз солҳои қаблӣ дар он буд, ки имсол намояндагони ҷавонон ва дӯстдорони дав аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва навоҳии тобеи марказ, хусусан аз минтақаи Рашт дар ҳайати ҳафтнафарӣ то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе марафони дави миллиро ташкил карданд. Дар пойтахт онҳоро хеле хуб пешвоз гирифта, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Ин барои боз ҳам муттаҳид намудани дӯстиву равобит миёни тамоми ҷавонони кишвар таъсири мусбат мерасонад.   
Дар ин замина рӯзи 18-уми май  бо мақсади ҳарчи бештар огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи миллати тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстии ҷавонон шоми дарҳои кушоди осорхонаҳо ташкил шуд, ки ҷавонон ва сокинони мамлакат аз осорхонаҳо дидан карданд.  Ин дар тарбияи худшиносии ҷавонон нақши калон мегузорад.
 
  «Ховар»: Тавре медонем, ҷавонон ояндаи миллатанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҷалби ҷавонон ба варзиш кадом корҳоро ба сомон мерасонад?
 
— Ҳамон гунае, ки огоҳед, яке аз самтҳои фаъолияти кумита ин, албатта, самти варзиш мебошад. Бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам оммавӣ гардонидани варзиш миёни мардум, аз ҷумла ҷавонон корҳои зиёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби кумита анҷом ёфтанд. Ҳамин тавр ҳамарӯза чорабиниҳои зиёди варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мешаванд, ки дар он варзишгарону ҷавонон иштирок меварзанд. Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз чорабиниҳои баланди варзишӣ, ки барои ҷалби ҷавонон ба варзиш таъсири калон расонд, ин Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар мебошад, ки марҳилаи ниҳоии он аз 1 май оғоз гардида, 23 май, яъне дар Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст мегардад.  Дар марҳилаи  1 ва 2-юми он мактабҳои олии касбии тамоми минтақаҳои кишвар ширкати фаъолона карда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.      
Бояд қайд намоям, ки Спартакиадаи донишҷӯёни муасисаҳои олии касбии кишвар пас аз 11 соли танаффус дубора эҳё шуд, ки  ин низ ба хотири боз ҳам оммавӣ гардонидани варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш мебошад.
23-уми май дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамзамони Спартакиада ҷамъбаст мегардад, ғолибон ва иштирокчиёне, ки дар ин чорабинии баланди варзишӣ  ширкат варзиданд, аз ҷониби кумитаи тадорукот бо  сипосномаву ифтихорнома, медалу ҷом  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд гардид. 
Дар ин баробар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пайваста дар шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат мусобиқаву чемпионатҳоро доир менамояд, ки ин, албатта, барои ҷалби ҷавонон ба варзиш бетаъсир буда наметавонад. Кумита минбаъд низ ба хотири боз ҳам ҷалб намудани ҷавонону наврасон  ба варзиш дигар чорабиниҳои варзиши баргузор хоҳад кард. 
 
   «Ховар»: Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  солҳои охир ба донишандӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи  махсус зоҳир менамояд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт кадом тадбирҳоро анҷом медиҳад? 
 
-Воқеан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояшон мо ҷавононро насиҳатҳои падарона карда, пайваста ҷиҳати аз бар намудани илму дониш ва аз омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ даъват менамоянд. 
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ ба хотири дастгирии ҷавонон ва хусусан ҷавондухтарон ва донишандӯзии онҳо пайваста  чорабиниҳоро доир менамояд. Аз ҷумла, амалиёти «Биёед китоб мехонем!», ки бо ибтикори  кумита ва дастгирии Ҳукумати мамлакат баргузор шуд, дар он ҳазорҳо китоб ба дӯстдорони китоб ба тариқи ройгон тақдим  шуд. Инчунин дар ин амалиёт фиттаҳои Сарқонун ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» тақсим шуд, ки ҳамаи ин ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва ҷалби бештари ҷавонон ба донишандӯзӣ равона гардидааст.   Тавре ки Шумо медонед, ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар кумита инчунин ду ҷоиза таъсис ёфтааст, ки ҳамасола ба истеъдодҳои ҷавон дода мешаванд. 
Яке аз ин ҷоизаҳо, ки барои олимони ҷавон таҳия гардидааст, Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мебошад. Ин ҷоизаро танҳо ҷавонони дорои донишу маърифати баланд ва онҳое, ки дар ҷодаи илм фаъолият мекунанд, соҳиб мегарданд.
 
«Ховар»:  Дар интиҳои суҳбат ба ҷавонон чӣ гуфтаниед?
 
-Нахуст аз ин фурсати муносиб истифода намуда, кулли ҷавонони мамлакатро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо дар арафаи он қарор дорем, самимона шодбош ва табрик гуфта, дар симои онҳо ба мардуми шарифи кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу субот, тинҷию оромӣ, дастурхони пурфайз, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорам. 
Баъдан ҳамаи ҷавонони кишварро ба  «Шоми ҷавонӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май дар Боғи Ирам  бо иштироки васеи ҷавонони гуногункасб ва ҳунармандони маҳбуби кишвар доир мегардад, даъват менамоям. Дар ин чорабинии фарҳангӣ намоиши  ҳунарҳои дастӣ, анъанаҳои миллӣ ва намоишгоҳи сайёҳӣ низ ба нақша гирифтааст, ки ҷавонон метавонанд аз он истифода намоянд.
Бигзор ҷавонони мо дар фазои сулҳу ором зиндагӣ намуда, аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ самаранок истифода намоянд ва ба қадри ин Ватани муқаддас расанд.  
 
«Ховар»:  Дар фарҷом Шумо ва ҳамаи кормандони Кумитаро низ ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо дар ҷодаи фаъолият бурдбориҳо хоҳонем
Ташаккур барои чунин як суҳбат!
 
 
 

Май 20, 2015 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд