30 рӯзи ҷавонӣ барои ҷавонон
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-2 майи соли равон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи «Ирам» маросими расмии кушодашавии 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» доир гардид. Дар он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кулли ҷавонони мамлакатро бо як моҳи ҷавонон табрик намуд. Аҳтам Абдуллозода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар гардида, ҷавононро ба меҳанпарастию ифтихори миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд. Таъкид шуд, ки ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, марҳила ба марҳила шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти «Биёед, китоб мехонем!» доир гардида, ба дӯстдорони китоб бештар аз 1000 адад китоби гуногуни бадеӣ ба таври ройгон тақсим шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллӣ ташкил шуд, ки сокинону меҳмонони зиёд аз он дидан намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи қабулгардида 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон- давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» дар давоми 30 рӯз идома ёфта, дар доираи он чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, мулоқоту дидор бо ҷавонон ва озмуну викторинаҳо доир мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






