45 донишҷӯ донишгоҳро «идора» менамояд
Душанбе, 5.05.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 4 то 11 май «Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идораи Раёсати донишгоҳ ва факултаҳои он» гузаронида мешавад.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ҳадафи гузаронидани ин чорабинӣ шарҳ дода шуд. Анвар Мақсудов гуфт, ки ин чорабинӣ ҷиҳати татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, шиноскунии донишҷӯён бо низоми корбарӣ ва идораи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ мешавад. Аллакай комиссияи салоҳиятнок аз тариқи суҳбат донишҷӯёнро муайян ва интихоб намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни «Ҳафта» оид ба иштирок ва иҷрои вазифа дар Раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми 2-3 саҳифа ҳисобот пешниҳод менамояд ва ба иштирокчиёни «Ҳафта» Гувоҳномаи Раёсати донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар «Ҳафта худидораи Раёсати донишгоҳ» дода мешавад.
Ҳамин тавр, 45 нафар донишҷӯ ҳафтаи равон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ректор, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои раёсат, деканҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






